preloader

интизор шавед...

Лабораторияи «Зилзилатобоварии иншоотҳои гидротехникӣ”

  • 22-янв-2024
  • 336 дидани саҳифа

Лабораторияи «Зилзилатобоварии иншоотҳои гидротехникӣ”соли 1961 дар сохтори Институт таъсис шуд.  Самтҳои асосии таҳқиқоту пажӯҳишҳои он ташкил ва роҳандозии мушоҳидаҳои муҳандисиву сейсмометрӣ дар сарбанди НОБ-и Норак ва Сарбанд, арзёбии зилзилатобоварии иншоотҳои гидротехникии амалкунанда ва сохташаванда дар қаламрави Тоҷикистон, баргузор намудани таҳқиқотҳо доир ба заминларзаҳо тобовар будани сарбандҳо аз рӯи моделҳо бо истифода  аз платформаи беназири ларзиш бо иқтидори борбардории то 70 тонна (дар шароитҳои лабораторӣ дар толори санҷишҳои динамикӣ) ва таркишҳои сейсмикӣ (дар тамрингоҳҳо) мебошад.

Ин платформаи ларзиш аз он ҷиҳат беназир аст, ки он ягона таҷҳизоти озмоишии ин намуд дар кишварҳои ИДМ ба шумор рафта, имкон медиҳад, моделҳои бино ва иншоот ба таври сунъӣ заминларзаи шадиди то 9 баллро озмоиш кунад.

Маҳз дар ҳамин платформаи ларзиш озмоишҳои моделҳои сарбандҳои неругоҳҳои барқии обии Норак ва Роғун гузаронида шуданд, ки натиҷаи он имкон дод тобоварии онҳо ба заминларза баҳо дода шуда, барои баланд бардоштани эътимоднокии онҳо пешниҳодҳои амалӣ ироа шаванд.

Дар айни замон дар платформаи ларзиши Институт метавон санҷишҳоеро барои арзёбии зилзилатобоварии бино ва иншоотҳои сохташаванда дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро ва эътимоднокии пур кардани деворҳо ва намои сохтмонҳои баланд ба роҳ монд

Аз соли 2011 дар ҳайати лаборатория зилзилатобоварии иншоотҳои гидротехникӣ лабораторияи ҳаракати қавӣ шомил карда шуд, ки дар биноҳои Душанбе ва тамрингоҳи дар ҷаҳон машҳури “Лоҳур” мушоҳидаҳои муҳандисӣ ва сейсмометрӣ мегузаронад. 

Истинод

Президерт РТ

АН РТ

ГУГ РТ

КАС РТ

НИИП РТ

Тақвим
«    Июнь 2024    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930


Истинод

Президерт РТ АН РТ ГУГ РТ КАС РТ НИИП РТ

  • Меню Асосӣ Дар бораи Институт Маъмурият Интишорот/Китобҳо Рунамоҳо Хабарҳо Аъзоёни шӯрои диссертатсионӣ Диссертатсияҳо ва авторефератҳо
  • Тамос
    +(992) 37 225-77-69 igees_asrt@mail.ru Ҷумҳурии Тоҷикистон ш.Душанбе, кӯч. Айнӣ 267


    Facebook
    Открыть карту