preloader

интизор шавед...

Лабораторияи илмӣ-таҳқиқотии “Зилзилатобоварии бино ва иншоот”

  • 22-янв-2024
  • 388 дидани саҳифа

Лабораторияи “Зилзилатобоврии бино ва иншоот”  воҳиди сохтории Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар самти корҳои илмӣ-тадқиқотӣ оид ба эҷоди лоиҳаҳои инноватсионӣ ва татбиқи технологияҳои инноватсионӣ дар сохтани биноҳо ва иншоот бо назардошти тобооварии онҳо ба зилзила ба шумор меравад.

Он соли 2011 дар заминаи гурӯҳи моделсозии падидаҳо ва таъсироти сейсмикӣ, ки соли 2005 ташкил шуда буд, таъсис дода шудааст.

Ҳадафҳои Лаборатория

 

  Ҳадафи лаборатория таҳия ва дар истеҳсолот ҷорӣ намудани лоиҳаҳои нави инноватсионие мебошад, ки ба зилзила тобовар будани бино ва иншоотро таъмин намуда, ба коҳиши хатари сейсмикӣ дар шаҳру навоҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат кунад. 

 

Вазифаҳои Лаборатория  

 

  • Ба роҳ мондани тадқиқоти илмӣ (назариявӣ ва амалӣ) дар самти коҳиши хатарҳои сейсмикӣ бо иштироки васеи мутахассисони ҷавон;
  • Пайваста ташкил ва баргузор намудани мубоҳисаҳои касбии лоиҳаҳои таҳқиқотӣ ва натиҷаҳои онҳо дар шакли семинарҳо ва мизҳои гирд;
  • Мониторинги тамоюлҳои рушди илми хориҷӣ дар соҳаи ҳифзи сейсмикии бино ва иншоот;
  • Таблиғ ва татбиқи технологияи инноватсионӣ дар раванди таълиму омӯзиш бар пояи таҳқиқотҳои гузаронидашуда:
  • Ҳамоҳангсозии корҳои лаборатория бо ҳамаи кафедраҳои асосии Донишгоҳи техникии Тоҷикитсон, сохторҳои лоиҳакашӣ, сохтмонӣ ва тадқиқотии Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • Ҳамкорӣ бо марказҳои илмии Русия ва дигар кишварҳо хориҷӣ; иштирок дар конфронсҳои илмӣ, семинарҳо, симпозиумҳое, ки дар кишвар ва берун аз он мегузаранд;
  • Омода намудани кадрҳои шоиста ва баландихтисоси илмӣ аз тарики аспирантура, докторантура ва PhD.

 

Самтҳои асосии корҳои илмӣ-таҳқиқотии Лаборатория

 

Самтҳои асосии тадқиқот: роҳандозии пажӯҳишҳои таҷрибавӣ ва назариявии тобоварии сейсмикии биноҳо ва иншооти зеризаминӣ дар моделҳои компютерӣ, гузаронидани озмоишҳое, ки дар натиҷаи онҳо биноҳо ва иншооти мавҷуда ва сохташаванда ва унсурҳои бунёдии онҳо вайрону хароб намешаванд, арзёбии осебпазирии биноҳои мавҷуда, бар пояи таҳқиқоти тачрибавй, таҳияи усулҳои мустаҳкам намудан ва барқарор кардани бино ва иншоотҳое, ки дар вақти зилзила ва дар натиҷаи паст шудани заминҳои таҳкурсй вайрон шудаанд, аз ҷумла, беҳтар сохтани бехатарии сейсмикии биноҳои камошьёна, ки бо маводҳои маҳаллии бинокорй ва хонаҳое, ки аз гил сохта шудаанд.

 

Барои амалӣ намудани ивазифаҳои худ Лаборатория дар самтҳои зерин таҳқиқотҳо роҳандозӣ мекунад:

 

  • Равишу шеваҳои таҳлили эҳтимолии хатарҳои сейсмикӣ;
  • Тавсеа ва рушди равишҳои ададии усулҳои механикии сохтмон, масъалаҳои назарияи биноҳо ва иншооти ба зилзила тобовар;
  • Моделсозии математикии масъалаҳои тамаркузи (консентратсия) шиддат дар иншооти болоизаминӣ ва зеризаминӣ бо дар назар гирифтани гуногунӣ ва ноҳамсонӣ бар асоси усули муодилаҳои марзӣ;
  • Моделсозии математикии масъалаҳои якченака, дученака ва сеченакаи механикаи сохтмон бар асоси усулҳои деформатсияи тамаркуз;
  • Моделсозии масъалаҳои ҳифозати ларзаӣ (сейсмикӣ) ва изолятсияи сейсмикии бино ва ишоот;
  • Равишҳои озмоиши ғайритахриб (вайроннашаванда), ки барои таҳлил ва санҷиши унсурҳои бино ва иншоот истифода мешаванд.
Истинод

Президерт РТ

АН РТ

ГУГ РТ

КАС РТ

НИИП РТ

Тақвим
«    Июнь 2024    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930


Истинод

Президерт РТ АН РТ ГУГ РТ КАС РТ НИИП РТ

  • Меню Асосӣ Дар бораи Институт Маъмурият Интишорот/Китобҳо Рунамоҳо Хабарҳо Аъзоёни шӯрои диссертатсионӣ Диссертатсияҳо ва авторефератҳо
  • Тамос
    +(992) 37 225-77-69 igees_asrt@mail.ru Ҷумҳурии Тоҷикистон ш.Душанбе, кӯч. Айнӣ 267


    Facebook
    Открыть карту